Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Президенти Тоҷикистон ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику шодбош арз намуда, ба Сарвари давлати мо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиашон ба нафъи кишвар ва мардуми он комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд.
Сарони ду кишвар дар робита ба раванди рушди муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Беларус дар доираи шарикии стратегӣ ва дурнамои он ибрози андеша намуданд.
Президенти Беларус ба нақши созандаи Пешвои миллат дар ин ҷода махсус таъкид карданд.
Зимни суҳбат ҳамзамон дар робита ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифт.