15-уми октябри соли 2025, дар доираи Ҷашнвораи II байналмилалии синамои Душанбе — “Тоҷи Сомон”, Рӯзҳои синамои Эрон баргузор мегарданд.
Намоиши филмҳои эронӣ дар кинотеатри “Ватан” (шаҳри Душанбе) сурат гирифта, барои дӯстдорони синамо имконияти тамошои беҳтарин филмҳои тозаи эронӣ фароҳам меояд.
Дар барномаи намоишҳо филмҳои ҳунарии зерин пешниҳод мешаванд:
“Шаҳсавор” ,коргардон Ҳусейн Намозӣ,“Ғариза” ,коргардон Сиёвуш Асадӣ,“Пул дар рӯи рудхонаи хурд” ,коргардон Эҳсон Оқилӣ
Ҳамчунин филмҳои кӯтоҳи:
“Ҳикояи кӯтоҳ”
“Хусрав 127”
“Бешаҳрвандӣ”
“Бозии тақдир”
“Беохир»пешкаши тамошобинон мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷашнвораи “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон”, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз 15 то 20-уми октябр, бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик, баргузор мешавад.
Дар чорчӯби ҷашнвора, инчунин:
Рӯзҳои синамои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон,
Форуми байналмилалӣ бахшида ба 60-солагии коргардон Бахтиёр Худойназаров,Ҷаласаи Шӯрои директорони киностудияҳо,ва дарсҳои маҳоратии “Устод ва шогирд”низ дар назар дошта шудаанд.



