
Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, изҳори итминон кард, ки натоиҷи музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия дар ҷараёни сафари давлатии Владимир Путин, Президенти Русия ба Душанбе, ба рушди ҳамкориҳои ду кишвар такон хоҳад бахшид.
«Имрӯз мо як бастаи нави асноди дуҷонибаро имзо хоҳем кард, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишварро ба таври қобили мулоҳиза таҳким мебахшад. Итминон дорам, ки натоиҷи музокироти имрӯза ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия такони нав хоҳад бахшид», — гуфт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни оғози музокироти ҳайатҳои ду кишвар дар Қасри миллат.