24 ноябри соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Файзобод ва Роғун бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳру ноҳияҳои мазкур маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар рафти маърака, ки дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ва татбиқи сиёсати давлатии экологӣ роҳандозӣ гардид, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мазкур дар маҷмӯъ 2900 бех ниҳоли дарахтони сояафкан, мевадиҳанда ва ҳамешасабз шинонида шуд.
Иқдоми мазкур ба васеъ намудани майдони сабз, беҳтар намудани вазъи экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва зебо гардонидани муҳити шаҳру ноҳияҳо равона гардида, дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” амалӣ карда мешавад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки нигоҳубини мунтазам, обёрии саривақтӣ ва риояи талаботи агротехникии парвариши ниҳолҳо шарти асосии сабзишу инкишофи онҳо ба ҳисоб рафта, масъулини дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати нигоҳдорӣ ва ҳифзи ниҳолҳои шинонидашуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.



