24 ноябри соли 2026, Ҷонибек Ҳикмат, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи Шурои Амнияти СММ бахшида ба «Ҳалли низоъҳо дар даврони тағйироти босуръати технологӣ» иштирок ва суханронӣ кард.
Намояндаи доимӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба сӯиистифода аз технологияҳои рақамӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷалб карда, ҷиҳати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, амнияти киберӣ ва истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ даъват ба амал овард. Ҷ. Ҳикмат инчунин нақши «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он»-ро дар вокуниш ба таҳдидҳои нави технологӣ таъкид кард.
Намояндаи доимии Тоҷикистон ҳамчунин аҳамияти Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, амн ва боэътимодро, ки Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Тоҷикистон эълом намудааст, ҳамчун платформаи муколама, тақвияти иқтидор ва ҳамкории амалӣ қайд кард. Дар ин робита, аз кишварҳои узви СММ ва дигар ҷонибҳои дахлдор ҷиҳати иштирок дар таҷлили аввалин Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар дар моҳи августи 2027 дар Ню Йорк даъват ба амал оварда шуд.



