Имрӯз, 24-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гардид, ки дар кори он муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, Ҳабибулло Хайруллозода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Нуриддин Муҳиддин, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода, сардори Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ Шералӣ Амиршозода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарияти раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.
Дар ҷаласа ду масъала-“Омодагии муассисаҳои табобатию профилактикӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар ташкилоту идораҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027” ва “Ҷараёни иҷрои Барномаи миллии иммунопрофилактика барои солҳои 2026-2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Доир ба мавзуи “Омодагии муассисаҳои табобатию профилактикӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар ташкилоту идораҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027” сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Зайнулло Шарифзода баромад кард.
Зикр гардид, ки муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026, №178 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027», фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2026, №8-432 «Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027»-ро сармашқи кори худ қарор дода, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.
Тибқи маълумотномаҳои пешниҳодгардида аз тарафи роҳбарони муассисаҳои соҳаи танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати тайёрии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳо амалӣ шудаанд. Дар асоси қарори болозикр ва фармоиши Вазорат, фармоишҳои дахлдори муассисаҳои соҳа ба имзо расида, ситодҳо ташкил карда шуда, корҳо мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монда шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки аз тарафи роҳбарияти вазорат ба тамоми роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супоришҳои мушаххас дода шуд, ки дар давраи солҳои сипаришуда тадбирҳои муассиру саривақтӣ андешида, вобаста ба иҷроиши бандҳои дахлдори нақша-чорабиниҳо ҷиҳати истифодаи самараноки маблағҳои ба ин мақсад ҷудошуда, таъмини гармӣ, қувваи барқ, об, ангишт, ҳезум, маводҳои сӯзишворӣ, хурока, хизмати алоқа, интиқоли партовҳо, пардохти қарзи коммуналӣ ва пешгирии ҳолатҳои бехатарӣ аз сухтор чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Қайд гардид, ки вазъ нисбати солҳои қаблӣ муътадил гардида, ба ҳолати санаи 10 ноябри соли ҷорӣ барои таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027, аз ҷумла ангишт тибқи нақша 12472,5 тонна дар асл 12804,1 тонна (102,7%), ҳезум 7011,2 м3 дар асл 6985,4 м3 (99,6%), сӯзишворӣ 73308 литр дар асл 73938 литр (100,1%) захира карда шудааст.
Дар баробари ин, муассисаҳои соҳа дорои 890 адад генераторҳои барқӣ буда, барои онҳо 73398 литр сӯзишворӣ захира гардидааст, ки он 101%-и нақшаро ташкил медиҳад. Дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ онҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Вобаста ба “Ҷараёни иҷрои Барномаи миллии иммунопрофилактика барои солҳои 2026-2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Файзалӣ Саидзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, пешгирии бемориҳои сироятӣ, паст намудани фавт аз онҳо, таъмини сатҳи баланди фарогирӣ бо иммунизатсия ва риояи ҳатмии иммунизатсияи тақвимӣ бо қоидаҳои асосии бехатарӣ — яке аз самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади таъмин намудани фарогирии ҳамаҷониба ва одилонаи аҳолӣ бо хизматрасониҳои босифат, бехатар ва устувори иммунизатсионӣ, ки ба пешгирӣ, элиминатсия ва маҳви бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, инчунин таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар равона шудааст, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №76 “Барномаи иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” тасдиқ гардид.
Самтҳои афзалиятноки барнома ба таъмини дастрасии баробар ва устувори аҳолӣ бо ваксинаҳо, муайян ва фарогирии кӯдакони аз иммунизатсияи нақшавӣ бозмондашуда, тақвияти низоми рақамисозии маълумот, рушди назорат ва мониторинги бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда, устуворсозии низоми занҷири хунукитаъминкунанда, омодагӣ ба воридсозии ваксинаҳои нав, беҳтар намудани саломатии модару кӯдак, таъмини дарозумрии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокӣ ва талаботи аҳолӣ ба ваксинаҳо, таҳкими иқтидори кормандон, устувории молиявӣ ва ҳамоҳангсозии муассир байни шарикони рушд ва сохторҳои миллӣ равона шудаанд.
Барои амали гардонидани мақсаду вазифаҳои барнома Нақшаи чорабиниҳои он барои панҷ сол тартиб дода шудааст, ки аз 6 банду 36 зербанд иборат мебошад.
Ҳамин тавр, зимни пешниҳоди масъалаи мазкур аз ҷониби Файзалӣ Саидзода, директори Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика доир ба рафти иҷрои бандҳои барномаи болозикр ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод гашт.
Дар охир оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта масъулин аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас гирифтанд



