Рӯзи дуюм аст, ки дар Боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе Намоишгоҳи ғизо ва ҳунарҳои дастии Эрону Тоҷикистон ва Гузари гардишгарии ба номи Куруши Кабир идома дорад. Ин намоишгоҳ як моҳ давом хоҳад кард. Дар намоишгоҳ фурӯши маҳсулоти мухталифи ҳунарҳои мардумии ду кишвар, монанди кулолгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва ғайра идома дошта ва ширкатҳои сайёҳиву ғизопазии миллии Тоҷикистону Эрон низ муаррифӣ мегарданд. Ҳамчунин дар намоишгоҳ ҳамарӯза аз соати 17:00 то 20:30 барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ, ҳамоишҳо ва бозиҳои гуногун бо иҷрои ҳунармандони ду кишвар намоиш дода мешавад. Маҳдии Наҳвӣ, намояндаи ҳайати Эрон мегӯяд,» тӯли як моҳ ҳунармандон аз вилоятҳои гуногуни Эрон дар намоишгоҳ иҷро хоҳанд дошт, ки дӯстдорони фарҳангу мусиқӣ метавонанд аз кори онҳо дидан намоянд». Ин иқдом метавонад дар оянда барои ташкили кӯчаи сайёҳии доимӣ дар пойтахти мамлакат заминаи мусоид фароҳам орад. Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2025 бо дастгирии шаҳрдории Душанбе аз ҷониби ширкати «Ҳафт Иқлим Барман»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии «Саёҳати диёр»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва то 11 декабр идома хоҳад дошт.


Абдурофеъ Шарифиён,
Овози тоҷик



