Дар маросими ҷоизасупории озмуни ҳизбӣ, ки бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид, дар номинатсияи «Кумитаи иҷроияи ибтидоии фаъол» Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Садо ва Симо» сазовори ҷойи якум гардид.
Ҳамчунин, дар номинатсияи «Хабарнигори варзида» муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Садо ва Симо», сармуҳаррири радиои Садои Душанбе Фирӯз Каримзода сазовори ҷойи дуюм гардид.



