Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, «роҳи оҳани Тоҷикистону Чин ба ҷалби сармоя ниёз дорад.» Ин иукта дар нишасти хабарии ин ниҳод дар посух ба суоли хабарнигорон баён гардид.
Азим Иброҳим гуфт, «Қарор буд пештар лоиҳаҳои муштарак бо кишварҳои минтақа роҳандозӣ шавад, аммо ҳанӯз дар ин замина ба натиҷае нарасидаем».
Вазири нақлиёти Тоҷикистон таъкид кард, ки «тамоми роҳҳои байналмилалии кишвар дар тавозуни вазорати нақлиёт аст ва ниҳодҳои вазорат масъули нигаҳдории ин роҳҳо ҳастанд».
Ҳамчунин дар нишасти мазкур гуфта шуд, ки «нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боркашонии баналмилалӣ 115,0 дарсад афзоиш доштааст». Ин навъи интиқоли молу коло дар соли 2025 бештар бо Ӯзбакистон, Русия, Афғонистон, Чин, Туркия ва кишварҳои дигар роҳандозӣ шудааст.
Бахтовари Шарифӣ, «Овози тоҷик»



