Санаи 29 январи соли 2026 дар Донишгоҳҳои байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рӯҳияи миллӣ ва дипломатияи фарҳангии Пешвои миллат дар ташаккули сулҳ ва суботи минтақавӣ» баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш баррасии нақши ҳувияти миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва дипломатияи фарҳангӣ дар таҳкими сулҳ, субот ва ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад. Дар кори конференсия олимон, муҳаққиқон, коршиносон ва намояндагони ниҳодҳои илмӣ аз кишварҳои гуногун иштирок карданд.
Ин чорабинӣ ҳамчун майдони мубодилаи афкор ва таҷрибаҳои илмӣ хизмат намуда, ба таҳкими муколамаи илмӣ ва фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.
Яъқубова Санавбар,
«Овози тоҷик»



