Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, «Тоҷикистон дар масъалаи таъмини ақаллиятҳои миллӣ бо маводи хониш яке аз ҷойҳои намоёнро дарёфт кардааст».
Раҳими Саидзода дар нишасти хабарии рӯзи 30 январ ба хабарнигорон гуфт, «бар асоси гузориши созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон дар масъалаи таъмини ақаллиятҳои миллӣ бо маводи хониш яке аз ҷойҳои намоёнро дарёфт кардааст».
Вазири маориф ишора кард, ки «ин арзёбиро аз конфронсе,ки дар Қазоқистон баргузор шудааст, иттилоъ додаанд».
Ба гуфтаи Раҳими Саидзода, «62 муассисаи таълимӣ дар Тоҷикистон барои фарогирии ӯзбекзабонон фаъолият мекунанд ва ин натиҷаи ҳамкорҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон дар ин замина мебошад».
Бахтовари Шарифӣ, «Овози тоҷик»



