Дар соли 2025 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо 10 кишвари хориҷӣ 30 санади ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дода шуд, ки 568 олимону муҳаққиқон ва коршиносони хориҷӣ дар соли гузашта барои иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, гузаронидани таҳқиқоти муштарак ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф овардаанд. Ҳамчунин 600 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар кишварҳо, ки аз ин 150 мақола дар маҷаллаи SCOPUS ба нашр расидааст. Олимони Академия дар соли 2025 2 патенти Ҷумҳурии Халқии Чин ва 2 патенти Авруосиёро барои ихтироъ ба даст оварданд. Академияи миллии илмҳо ҳамчунин 2 симпозиуми байналмилалӣ, 1 форуми байналмилалӣ ва 40 конференсияи илмии байналмилалиро баргузор кардааст.
Абдурофеъ Шарифиён,
“Овози тоҷик”



