Соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ 12,3% ё 124,1 млн.доллар афзудааст. Ин нуктаро Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ ишора кард. Гардиши савдои хориҷӣ дар ин давра нисбат ба соли 2024 бо мамлакатҳои ИДМ 42,3% ё 163,9 млн.доллар зиёд шуда, аммо бо мамолики хориҷи дур 6,4 % ё 39,6.млн.доллар кам шудааст.
Дилнозаи Абдумалик
радиои «Овози тоҷик»



