5 феврали соли 2026 дар шаҳри Ҳааг сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд (бо қароргоҳ дар Брюссел) Музаффар Ҳусейнзода бо Раиси Суди байналмилалии ҷиноӣ хонум Томоко Аканэ ва котиби Суд Освалдо Завала Гилер мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди байналмилалии ҷиноиро дар доираи Статути Рум баррасӣ карданд.



