Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Горан Стеванович барои омодагӣ ба бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ба муқобили дастаи яккачини Филиппин ҷамъомади тамринӣ баргузор мекунад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, машқҳои даста 23 март дар шаҳри Душанбе оғоз мешаванд. Рӯйхати бозигарони даъватшуда ба ҷамъомади тамринӣ рӯзҳои наздик эълон мегардад.
Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин 31 март, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор оғоз мешавад.



