Дар ҷаласа дар баробари даҳ масъала лоиҳаи нави Низомнома оид ба комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва лоиҳаи Низомнома дар бораи фаъолияти қонунэҷодкунии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа оид ба ҳарду лоиҳа хулосаҳои мувофиқашудаи кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон пешниҳод гардида, дар маҷмуъ қабул дониста шуданд.
Инчунин масъалаи истифодаи лоиҳаҳои қонун ва дигар санадҳои намунавии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар фаъолияти қонунэҷодкунии парлумонҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди муҳокима қарор гирифт.
АМИТ «Ховар»



