Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои Наврӯзӣ» баргузор гардид. Чорабинӣ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии занон ва ҷашни Наврӯз доир шуда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Ҳадафи асосии форум таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории занон, муаррифии анъанаҳои миллӣ ва баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа арзёбӣ гардид. Дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолзанон иштирок намуда, доир ба масъалаҳои рушди фарҳанг ва ҳамкориҳои иҷтимоӣ табодули афкор карданд. Ҳамчунин, дар доираи форум намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва таомҳои миллӣ баргузор гардида, меҳмонон бо дастовардҳои фарҳангии кишвар аз наздик ошно шуданд.
Форум ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, густариши ҳамкориҳо ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа мусоидат намуд.
Зулайхои Раҷаб, радиои «Овози тоҷик



