Рӯзи 7-уми апрели соли 2026 дар қароргоҳи ЮНЕСКО, шаҳри Париж, ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти ҳамоҳангсозии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО ва иштироки кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд.
Ҷашни мазкур намояндаҳои давлатҳои узви ЮНЕСКО, котибот ва кормандони Созмон, инчунин шаҳрвандони муқими кишварҳои ҳавза, аз ҷумла тоҷикистониёни муқими Фаронса ва Аврупоро гирди ҳам овард, то Наврӯз ва фарорасии баҳорро ботантана таҷлил намоянд.
Дар бахши ифтитоҳӣ, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ ҳозиринро шодбош гуфта, ба аҳаммияти таърихии арзишҳои наврӯзӣ ва расму ойинҳои он ишора намуд.
Ҳамзамон, дар қисми намоиши дастархони наврӯзии кишварҳо гӯшаи Тоҷикистон бо таомҳои миллӣ ва маснуоти ҳунарҳои дастии мардумӣ оро ёфта, барномаи фарҳангӣ бо навои карнаю доира ва намоиши либосҳои тоҷикӣ, ба мисли чакану гулдӯзӣ ва атласу адрас ба меҳмонон пешкаш гардид.



