
Имрӯз, 5 май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири бузурги тоҷик — Мирзо Турсунзода бо иштироки шоирону нависандагон ва дӯстдорони каломи устод баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур Низом Қосим — раиси Иттифоқи нависандагон, Муҳиддин Панҷшанбе, мушовири ёрдамчии Президенти кишвар дар бораи шахсияти устод Мирзо Турсунзода сухан гуфтанд. Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Мирзо Турсунзода аз аввалин шоири муосири тоҷик аст, ки дар мавриди мафҳумҳои «Ватан», «Модар» ва масоили гуногуни иҷтимоӣ ба таври густарда шеър навиштааст. Ҳамчунин гуфта шуд, ки ӯ дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар робита ба таъриху фарҳанг ва адабиёти пурғановати форсӣ — тоҷикӣ сухан гуфта ба ҷаҳониён тоҷиконро муаррифӣ намудааст.
Шоир дар замони худ ва имрӯз дар кишварҳои Шарқ шуҳрати беандозае дорад ва ашъори Ӯ бо забонҳои русӣ, ҳиндӣ, урду, озарӣ, гурҷӣ, арманӣ ва дигар забонҳои дунё тарҷума шудааст.
Абдурофеъ Шарифиён, «Овози тоҷик».



