Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамоии китоби «Тоҷикистон дар масири сулҳ» баргузор гардид. Китоб ба масъалаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ бахшида шуда, таҷрибаи таърихии расидан ба сулҳ ва нақши он дар рушди давлатдорӣ дар он инъикос ёфтааст.
Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Далат Сафар зимни суханронӣ таъкид кард, ки сулҳ неъмати бебаҳо буда, маҳз ба шарофати он заминаи устувори рушди кишвар фароҳам гардидааст.
Директори Китобхонаи миллӣ Абдухолиқзода Лутфия изҳор дошт, ки чунин асарҳо дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон нақши муҳим доранд.
Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллӣ» Латофат Шарифзода низ гуфт, ки таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳ вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Гуфта шуд, ки дар китоб раванди ба даст омадани сулҳ, саҳми ҷомеа ва аҳамияти таърихии он бо далелҳои муътамад инъикос ёфтааст.



