Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ конфронси «Истиқлол ва рушди телевизиону радио» ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаҳои алоқа баргузор гардид. Дар конфронси мазкур роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио, Академияи ВАО ва коршиносони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ин ҳамоишро Зоҳир Олимзода, муовини аввали раиси кумита оғоз бахшид. Дар идома Абдуҷаббор Раҳмонзода, академики тоҷик изҳор дошт, ки «нақши телевизион ва радио дар баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ хеле бориз» аст.
Дар даврони Истиқлол телевизион ва радио бо рушди бесобиқа рӯ ба рӯ шуд ва шумори телевизионҳои давлатӣ ва радиоӣ бештар гардид. Ғайр аз ин, телевизионҳои соҳавӣ ташкил ёфтанд, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар саҳми босазои худро гузоштанд.
Абдурофеъ Шарифиён, Овози тоҷик.