5 майи 2026 дар шаҳри Абу Забӣ мулоқоти Ашрафҷон Гулов – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб бо Беранжер Бёлл – Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид.
Зимни вохурӣ ҳамсуҳбатон роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва СММ бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим табодули назар карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки дар фурсати наздик брифинг доир ба раванди тадорукот ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018–2028” (ш. Душанбе, 25-28 майи 2026)-ро бо иштироки намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, васоити ахбори омма ва коршиносони доираҳои илмию пажуҳишгарӣ дар шаҳри Абу Забӣ ташкил намоянд



