Имрӯз дар Боғи Ирам даври ниҳоии Фестивал – озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони “Беҳтарин усто ва шогирд” ҷамъбаст гардид.
Озмуни мазкур се давраро дар бар гирифта, ғолибони ба даври ниҳоӣ роҳёфта аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯйи 4 номинатсия — “Қаннодӣ”, “Бофандагӣ ва дӯзандагӣ”, “Коркарди чӯб” ва “Коркарди метал ва маснуоти тайёри филизӣ” намунаи ҳунарҳои худро ба аъзои ҳакамон пешниҳод намуданд.
Ҳар яке аз ин бахшҳо на танҳо мероси фарҳангии миллати мост, балки манбаи муҳими таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисоди миллӣ ба шумор меравад.
Мақсади аз баргузории Фестивал – озмуни ҳунармандону косибон “Беҳтарин усто ва шогирд” – ин ташаккули мактаби анъанавии усто-шогирд, мактабҳои суннатии авлодӣ ва оилавӣ, густариш додани омӯзиши ҳамаи касбҳои косибӣ ва ҳунармандӣ бо усули усто-шогирд, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти чеҳраҳои нав ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон мебошад.
Дар маросими ҷамъбасти Фестивал – озмуни мазкур муовини сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ хусусияти хоси фестивали имрӯзаро дар тарғиби мактаби усто – шогирд арзёбӣ намуда, ин анъанаи ниёгон ҳамчун яке аз воситаҳои ҳифзи ҳунарҳои нодир ва рушди ҳунармандӣ миёни мардум таъкид гардид.
Ин анъанаи мактаби усто — шогирд бо мазмуну муҳтавои нав рушд ёфта, на танҳо таҷрибаи ҳунарӣ, балки арзишҳои ахлоқӣ, эҳсоси зебоипарастӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгонро ба насли ҷавон интиқол медиҳад. Ин раванд замина фароҳам меорад, то ҷавонони боистеъдод ҳамчун ворисони арзандаи фарҳанги миллӣ ба камол расанд.
Сафарова Фарзона
«Овози тоҷик



