Аз 15 то 22 ноябр Театри давлатиии лӯхтаки вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон намоишномаи “Табиби хасакӣ”-ро дар саҳнаи Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба намоиш мегузоранд, хабар дод Наргис Розиқзода, роҳбари бадеии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Тахминаи Амониён.
Намоишнома ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ манзури тамошобинон гардонида мешавад.
Намоиши “Табиби хасакӣ” аз рўи асари Муноҷот Эргашева тартиб дода шуда, дар бораи як пиразане, ки хоҳиши бой шуданро дошт, нақл мекунад. Барои ба мақсад расидан ӯ роҳи нодурустро пеш гирифта, духтари подшоҳро заҳролуд мекунад ва барои табобати подшоҳдухтар худро ҳамчун табиб муаррифӣ мекунад.
Чун подшоҳ аз фиребкории ӯ хабардор мешавад, фармон медиҳад, ки аз кишвар бадраға шавад. Шоҳдухтарро табиби варзида Ибн Сино бо шири уштур табобат мекунад.
Асар таълимӣ буда, ба бачагон роҳи дуруст ва ҳазар аз дурӯғу корҳои бад қисса мекунад.
Бино ба иттилои Наргис Розиқзода, дар баробари ин ҳунармандони Театри давлатии лухтаки шаҳри Душанбе бо намоишномаи «Маликаи шӯх» ба вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбекисттн ташриф меоранд.