Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Камолзода дар ҷаласаи 17-уми Гурӯҳи баррасии татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо коррупсия, ки рӯзҳои 18–22 майи соли 2026 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор мегардад, ширкат намуда истодааст.
Зимни иштирок дар чорабинӣ Фирӯз Камолзода мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба рафти татбиқи самараноки муқаррароти Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо коррупсия, таҳкими шаффофият, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт, манзур намуд.



