19 июн дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Акашариф Ҷӯра ва масоили мубрами эҷодиёти шеърӣ-мусиқии тоҷик: дирӯз ва имрӯз» баргузор гардид. Ҳамоиш ба 130-умин солгарди яке аз чеҳраҳои барҷастаи мусиқии тоҷик Акашариф Ҷӯра (1896–1966) бахшида шуд.
Дар маросими ифтитоҳи конфронс роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанг, олимону муҳаққиқон, мусиқишиносон ва аҳли фарҳанг аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода зимни суханронии худ таъкид кард, ки омӯзиш ва муаррифии мероси мусиқии миллӣ барои ҳифзи ҳувияти фарҳангии миллат аҳамияти бузург дорад.
Дар доираи конфронс масъалаҳои гуногуни илмӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла арзишҳои эҷодию иҷроии мусиқии тоҷик, нақши ҳавзаҳои мусиқии мардумӣ ва касбӣ, суннати устод-шогирд, рушди жанрҳо ва сабкҳои мусиқӣ, инчунин саҳми чеҳраҳои намоёни фарҳанг дар ташаккули мактабҳои мусиқии тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бахши махсуси ҳамоиш ба зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Акашариф Ҷӯра бахшида шуд. Иштирокчиён нақши ӯро ҳамчун устоди мусиқии мардумӣ, роҳбари дастаҳои ҳунарӣ ва тарғибгари мероси мусиқии тоҷик арзёбӣ намуда, саҳми ӯро дар рушди фарҳанги миллӣ муҳим хонданд.
Дар конфронс олимону муҳаққиқон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Фаронса, аз ҷумла профессор Аскаралӣ Раҷабов, доктор Баҳринисо Қобилова, профессор Соҳибҷон Бегматов, профессор Равшан Раҳмонӣ, доктор Ариана Зевако ва дигар коршиносон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.
Ба гуфтаи иштирокчиён, чунин ҳамоишҳо барои омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси ғании мусиқии тоҷик, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва рушди таҳқиқоти фарҳангшиносӣ аҳамияти муҳим доранд.
Акашариф Ҷӯра яке аз намояндагони барҷастаи санъати мусиқии тоҷик маҳсуб шуда, дар ташаккули дастаҳои касбии мусиқӣ, рушди анъанаҳои иҷроӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ саҳми назаррас гузоштааст. Мероси эҷодии ӯ то имрӯз ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги тоҷикон мавриди омӯзиш ва қадршиносӣ қарор дорад.



