31 октябри соли 2026 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
Ҷоизаи мазкур дар доираи Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026, ки рӯзҳои 19–22 октябри соли 2026 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ба ноҳияи Данғара тақдим шуд.
Дар доираи конфронс масъалаҳои густариши ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.
Ҷоиза аз ҷониби Ассотсиатсияи халқии Чин оид ба дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва Ассотсиатсияи шаҳрҳои байналмилалии дӯстии Чин тақдим гардида, нишонаи эътирофи саҳми ноҳияи Данғара дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.



