25 июни соли 2026 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб чорабинии тантанавӣ ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик намуд.
Роҳбари Намояндагӣ саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори давлатдории миллӣ, раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва афзоиши мақому эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро махсусан таъкид кард.
Дар ҳамоиши маърифатию фарҳангӣ теъдоди зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони диаспораи тоҷикон, соҳибкорон, донишҷӯён, варзишгарон, ходимони илму фарҳанг ва меҳмонони хориҷӣ, ки дар Аморот иқомат менамоянд, ширкат варзиданд.
Бо мақсади пешбурди афкори ватандӯстӣ, ҳувиятсозӣ, худшиносӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии ниёгон, дар чорабинӣ намоиши либосу асбобҳои мусиқӣ, ҳунарҳои дастии мардумӣ ва хӯрокҳои гуногуни миллии тоҷикӣ пешкаши иштирокчиён шуданд.
Бо инобати саҳмгузорӣ дар муаррифии шоистаи кишвар ва ташвиқи арзишҳои миллӣ дар хориҷа, ба якчанд тоҷикони муқими Аморот сипоснома аз номи роҳбарияти Сафорат тақдим гардид.
Ба хотири болидаруҳӣ ва фароғати ҳамватанони бурунмарзӣ, дар бахши фарҳангии ҷамъомад барномаи рангини консертӣ бо баромади ҳунармандони санъату мусиқии тоҷик доир шуд.



