Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ,ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамияти барои тадбиқи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 -2030 доир гардид.
Дар кори чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оила, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи СММ дар Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалии ҷамъияти ва коршиносон ширкат варзиданд . Ҳадафи баргузории мизи мудаввар тадбирҳои натиҷабахш роҳандозии намудани давлату Ҳукумати мамлакат роҷеъ ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеъа дар сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ гардид. Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён пешниҳодҳои худро ҷиҳати такмили минбаъдаи ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иброз намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи босамари Стратегияи миллӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои солҳои 2026–2030 баён карданд. Фарзона Сафарова Радиои «Овози тоҷик «



