Дар ҷашнгоҳ – «Боғи Ирам» кишоварзони мамлакат аз навъҳои гуногуни зироат бо ороиши махсус манора омода карда, беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт намуданд. Инчунин даҳҳо намуди меваю сабзавот, аз ҷумла себ, гелос, шафтолу, анҷир, олуча, олу, қулфинай, полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ бо сифати баланд ба намоиш-фурӯш гузошта шудаанд, ки маротибаи дигар сарзамини неъматофарин будани Тоҷикистонро собит менамояд.
Инчунин дар ин ҷашнгоҳ навъҳои гуногуни зардолуи тару тоза ва хушкмеваҳои дигар низ пешниҳод шудаанд. Аз ҷониби кадбонуҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз меваи зардолу навъҳои гуногуни шарбату обмева омода шуда, манзури иштирокдорон гардидаст.
Меҳмонон ва сокинони пойтахт имкон пайдо карданд, ки аз ҷашнгоҳ маҳсулоти кишоварзиро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.
Барномаи фарҳангӣ доир шуда, кишоварзони фаъоли мамлакат қадрдонӣ гардидан.
Ҳадаф аз баргузории ин ҷашн тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот ва баҳра бурдан аз таҷрибаи деҳқонон аст.



