Дар доираи барномаи рушди футболи занона «FIFA Women’s Football Campaign», ки ба оммавигардонии футболи занона дар Тоҷикистон равона шудааст, дар варзишгоҳи «Душанбе-Арена» фестивал ва мусобиқаи футбол баргузор гардид. Ҳадафи лоиҳаи «FIFA Women’s Football Campaign» тағйир додани муносибат ба футболи занона дар кишвар, ҷалби духтарон ба футбол ва ҳавасманд намудани онҳо барои идомаи машғул шудан ба ин намуди варзиш мебошад. Ҳамчунин барномаи мазкур ба фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои кӯдакон нигаронида шудааст.



