Муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Ардашер Абдуғаффор зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026 аз густариши ҳамкориҳои байналмилалии Хадамот иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, намояндагони Хадамот дар ҷаласаи 26-уми МИНС иштирок намуда, масъалаҳои таъмини бехатарии корҳо дар соҳаҳои саноат ва кӯҳкориро бо шарикони хориҷӣ баррасӣ карданд.
Зикр гардид, ки Хадамот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар кишварҳои минтақа ҳамкориҳои судманд дошта, инчунин роҳандозии ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Корея низ дар назар аст.
Ба таъкиди Мирзозода Ардашер Абдуғаффор, ҳадафи асосии ин ҳамкориҳо омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ, такмили ихтисоси мутахассисон ва ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири бехатарӣ дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон мебошад.



