Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони 12 давлати хориҷӣ мулоқот анҷом дода, ҳамкориҳои байналмилалии худро густариш бахшидааст. Дар ин бора сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра бо Хадамоти геологии Покистон оид ба ҳамкориҳои илмию техникӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак Ёддошти тафоҳум таҳия гардид. Ҳамчунин, лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи Тоҷикистон ва Идораи захираҳои маъдан ва нафту гази Муғулистон дар самти омӯзиши геологӣ таҳия шуда, ҳоло дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ 30 лоиҳаи омӯзиши геологӣ ва 7 лоиҳаи нигоҳдории корҳои геологӣ амалӣ гардида, таҳқиқоти геологӣ дар як қатор конҳои кишвар идома дорад.
Дилнозаи Абдумалик,
радиои «Овози тоҷик».



