
Пагоҳ, 4 май Намоишгоҳи байналмилалии унверсалии «Тоҷикистон-2023» ифтитоҳ меёбад. Намоишгоҳ дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» баргузор шуда, то 7 май идома мекунад. Дар ин бора Манзура Рустамова, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири радиои «Овози тоҷик» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ беш аз 60 ширкати молистеҳсолкунанда ва хизматрасонии ватанӣ ва хориҷӣ аз давлатҳои Малайзия, Русия, Узбекистон, Эрон, Ҳиндустон ва Туркия иштирок хоҳанд кард.
Иштирокчиёни намоишгоҳ дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, фармасевтика ва ороиши гигиенӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли чароғаки роҳнамо ва ғайра молу маҳсулоти худро барои намоиш ва фурӯш пешкаши харидорону меҳмонон менамоянд.
«Нафароне, ки аз ин Намоишгоҳ дидан мекунанд имкон доранд молу маҳсулоти хушсифат бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд»-, гуфт Манзура Рустамова.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ҷалб намудани шарикони рушд, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба ширкатҳои ватанӣ маҳсуб меёбад.
Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии унверсалии «Тоҷикистон-2023» 5 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Малайзия, Эрон ва дигар кишварҳои иштирокчӣ доир мешавад, ки дар он масъалаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ матраҳ хоҳанд шуд.