Ҷиҳати густариши робитаҳои байналмилалӣ Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 фаъолияти худро тақвият дода, 32 санадҳои ҳамкорӣ бо ширкату ташкилотҳои хориҷӣ ба имзо расонидааст.
Имрӯз зимни нишасти хабарии ин ниҳод иброз шуд, ки бо мақсади шиносоӣ бо навовариҳои техналогияҳои истеҳсолӣ ва дарёфти шарикони рушд 3041 нафар соҳибкорон дар намоишгоҳҳои дохиливу хориҷӣ, бизнес-форумҳо, мулоқотҳои B2B ва дигар конфронсҳои дохиливу байналмиллалӣ ба таври ҳузуриву маҷозӣ иштирок карданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшо Раҳмонализода иброз дошт, ки дар соли 2026 ҳамкориҳо бо ширкатҳои бонуфузи байналмиллалӣ густариш ёфта, дар 15 кишвари ҷаҳон намояндагиҳои нави Палата фаъолият мекунанд. Дар нишасти мазкур иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Палата 57 бизнес-форумҳоро дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор намуда, ки нисбат ба ҳамин давраи гузашта 28 адад зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба аъзогии Палата ширкату корхонаҳои нав ҷалб карда шуданд, ки шумораи умумии аъзоён ба 1279 адад расонида шудааст ва ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 119 адад зиёд мебошад иброз дошт Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зулайхои Раҷаб, радиои «Овози тоҷик»



