Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 500 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамоянд. Ин донишҷӯён аз кишварҳои Туркия, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Чин, Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо мебошанд. Ин иттилоъро имрӯз, Эмомалӣ Насриддинзода ректори Донишгоҳи миллӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Дар донишгоҳ омӯзиши забони ҷопонӣ ба роҳ монда шудааст, инчунин 3 нафар аз Чин ва 2 нафар аз ИМА ба омӯхтани забони тоҷикӣ машғуланд. Дар умум, дар Маркази забономӯзии донишгоҳи мазкур дар соли хониши 2025 — 2026-ум 8 забономӯзи хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Шарифиён Абдурофеъ, Овози тоҷик



