Ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар шашмоҳаи аввали соли 2026 дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ободонӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Дар ин бора раиси ноҳия Сафарзода Дилшод Ғанӣ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 970,1 миллион сомонӣ, гардиши савдо ба 3301,1 млн. сомонӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба 1082,9 млн. сомонӣ ва интиқоли бор ба 402,6 ҳазор тонна расидааст.
Айни замон дар ноҳия 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 93982 хонанда фаъолият дошта, хонандагон дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 54 ҷойи ифтихорӣ соҳиб шудаанд. Ҳамчунин дар ин давра ҷавонону варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, дар маҷмӯъ 118 медал ба даст овардаанд.Натиҷаҳои шашмоҳаи аввали соли 2026 нишон медиҳанд, ки ноҳияи Фирдавсӣ бо татбиқи барномаҳои давлатӣ ва иҷрои ҳадафҳои созанда дар самтҳои гуногун рушди устувори худро идома дода, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон тадбирҳои муассир амалӣ менамояд.
Дилнозаи Абдумалик
радиои “Овози тоҷик”.



