Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ин ниҳод бо муассисаҳои илмӣ ва созмонҳои мухталифи 12 кишвари хориҷӣ 27 санади ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ба таъкиди Хушвахтзода, ки дар нишасти хабарии Академияи миллии илмҳои кишвар ҳарф мезад, ин ҳамкориҳо шомили 5 созишномаи ҳамкорӣ, 5 шартнома ва 17 ёддошти тафоҳум мебошад.
Ҳамкории ниҳодҳои илмӣ ва омӯзишии Тоҷикистон бо донишгоҳҳо ва марокизи илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз авлавиятҳои низоми омӯзишии кишвар арзёбӣ мешавад. Ин ҳамкориҳо ғолибан бо ҳадафи густариши пажуҳишҳои илмӣ, табодули устоду донишҷӯ ва вуруди бештари Тоҷикистон ба низоми омӯзишии байналмилалӣ анҷом мешавад.
Бахтовари Шарифӣ,
радиои «Овози тоҷик»



