16 июли 2026 дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF) дар шаҳри Ню-Йорк чорабинии канорӣ таҳти унвони «Аз тафовут то дивиденди зеҳни сунъӣ: роҳҳои амалии ҳамкории Ҷануб–Ҷануб ва ҳамкории сеҷониба оид ба рушди устувор ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар кишварҳои Ҷануб» баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ва Дафтари СММ оид ба ҳамкории Ҷануб–Ҷануб (UNOSSC) ташкил карда шуд.
Дар чорабинӣ Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Хуршед Мирзо, суханронӣ намуда, аҳаммияти зеҳни сунъиро ҳамчун воситаи мусоидаткунанда ба рушди устувор, инноватсия ва беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ таъкид намуд. Ӯ зарурати тақвияти ҳамкории байналмилалиро барои рафъи мушкилоти марбут ба инфрасохтори рақамӣ, рушди иқтидори инсонӣ, маблағгузорӣ ва таъмини идоракунии масъулонаи зеҳни сунъӣ таъкид кард.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки Тоҷикистон раванди таҳаввулоти рақамиро тавассути татбиқи Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ то соли 2040 ва таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ – IT HUB DUSHANBE пеш мебарад. Ин ташаббус ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар самтҳои омӯзиш, таҳқиқот, инноватсия ва истифодаи масъулонаи технологияҳои нав равона шудааст.
Чорабинӣ намояндагони давлатҳои узви СММ, ташкилотҳои минтақавӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷомеаи академиро ба ҳам оварда, ба пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ оид ба таҳкими ҳамкории Ҷануб–Ҷануб ва ҳамкории сеҷониба инчунин таъмини истифодаи зеҳни сунъӣ барои рушди устувор ва фарогир мусоидат намуд.



