Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Рушди Авруосиё, инчунин фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ ва дигар сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории муассирро ба роҳ мондааст. Дар нимсолаи гузашта роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Вашингтон баргузор гардиданд, иштирок намуда, як зумра мулоқотҳои муҳим анҷом доданд. Ҳамчунин дар ҳамин давра ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, якҷо бо мақомоти дахлдори кишвар масоили вобаста ба вазъи макроиқтисодӣ, татбиқи ислоҳоти иқтисодиву молиявӣ ва дурнамои рушди иқтисоди миллиро мавриди баррасӣ қарор доданд. . Имрӯз зимни нишасти хабарӣ Фирдавс Толибзода раиси Бонки миллии кишвар иброз дошт, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 сатҳи таваррум 2,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ зиёд мебошад. Иброз шуд, ки нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 2,6 фоиз, ғайрихӯрокворӣ 1,7 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 3,8 фоиз ба амал омад.
Зулайхои Раҷаб, радиои «Овози тоҷик»



