Дар нимсолаи гузашта Агентии омор ёддошти тафоҳуми ҳамкориро бо ҳамтоёни худ аз Малайзия ва Туркия ба имзо расонидааст. Ҳамчунин роҳбарияти агентӣ дар шашмоҳи соли 2026 бо роҳбари бахши омори ЮНИСЕФ дидор анҷом дода, дар ҷаласаи 75 — уми Шурои роҳбарони мақомоти омори ИДМ ва семинар — машварати байналмилалӣ оид ба низоми омор дар Варшава иштирок намудаанд. Дар ин маврид Ҷамшед Нурмаҳмадзода директори Агентии омор зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ёдовар мешавем, ки давоми 3 соли охир дар умум 7 ёддошти тафоҳуми ҳамкориро Агентии омор ба имзо расонидааст.
Шарифиён Абдурофеъ, Овози тоҷик



