Дар нимсолаи якуми соли 2026 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 6 миллиарду 820 миллион доллар расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,2 фоиз ё 2 миллиарду 88,9 миллион доллар зиёд мебошад. Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра ҳаҷми содирот 1 миллиарду 580 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 65,4 фоиз ё 624,7 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ҷаласаи комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Ҳиндустон баргузор гардид. Дар баробари ин, 2 ҷаласаи Кумитаи ҳамкорӣ ва Зеркумитаи ҳамкорӣ оид ба рушд бо Иттиҳоди Аврупо низ гузаронида шуд.
Дилнозаи Абдумалик,
радиои “Овози тоҷик”



