Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни табри кормандони соҳаи сохтмон иттилоъ додааст, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар бунёду азнавсозии беш аз 29 ҳазор ба нақша гирифта шудааст.
«Мувофиқи маълумоти расмӣ, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд. То 1 июли соли 2026 — 31 377 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, иҷрои нақша 106,3 фоизро ташкил дод. Илова бар ин, дар 1 412 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дошта, баъди ба истифода супоридани онҳо шумораи умумии иншооти ҷашнӣ ба 32 789 адад, ё 111 фоизи нақша, хоҳад расид.»



