Муҳтарам Рубен Карапетович
Табрикоти самимии маро ба муносибати ба мансаби баланду масъулиятноки Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Арманистон интихоб гардиданатон бипазиред.
Эътимод дорам, ки донишҳои касбӣ, таҷрибаи ғанӣ ва масъулияти Шумо ба фаъолияти давлатӣ барои иҷрои бомуваффақияти уҳдадориҳои ба зиммаатон гузошташуда ва рушди минбаъдаи парламентаризм дар Ҷумҳурии Арманистон мусоидат хоҳанд намуд.
Изҳори боварӣ менамоям, ки муносибатҳои анъанавии дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон минбаъд низ тавсеа ва раванди таҳкимёбии ҳамкориҳои байнипарламентии кишварҳои мо ба нафъи мардумони ду давлат, идома меёбанд .
Ба Шумо саломатии қавӣ, некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳо орзу намуда, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Арманистон сулҳу субот ва шукуфоиро таманно дорам.
Бо эҳтиром
Рустам Эмомалӣ



