Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Барномаи қолабии барориши воситаҳои устувори давлатӣ (Sovereign Sustainable Finance Framework), ки мутобиқ ба стандартҳои эътирофшудаи байналмилалӣ бо мақсади фароҳам овардани заминаи ягона барои ҷалби маблағгузорӣ тавассути қарз ва барориши воситаҳои давлатии молиявии устувор таҳия шудааст, баландтарин баҳогузории байналмилалии «Аъло»-ро соҳиб гардид.
«Тасдиқи Барномаи қолабии барориши воситаҳои устувори давлатӣ марҳилаи муҳим дар рушди низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳуҷҷати мазкур мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ буда, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҷалби маблағгузории устувор дар заминаи шаффоф ба принсипҳои идоракунии масъулиятноки молияи давлатӣ, шаҳодат медиҳад.
Татбиқи Барномаи қолабии мазкур имкониятҳои маблағгузории лоиҳаҳоеро, ки ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва таҳкими устувории кишвар ба тағйирёбии иқлим равона шудаанд, густариш хоҳад дод».
Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санади мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Барномаи машваратӣ оид ба маблағгузории устувори Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (World Bank Group Sustainable Finance Advisory Program) таҳия гардидааст.
Дар заминаи он принсипҳои интихоб, арзёбӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои ба ҳадафҳои экологӣ ва иҷтимоии давлат мутобиқ муайян гардида, талаботро оид ба идоракунии маблағҳои ҷалбшуда, мониторинги татбиқи лоиҳаҳо ва ифшои иттилоотро барои сармоягузорон муқаррар менамояд.
«Барномаи қолабии барориши воситаҳои устувори давлатӣ қадами муҳим дар рушди бозори маблағгузории устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ аз он хушнуд аст, ки ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи ҳуҷҷати мазкур, ки ба таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ мутобиқат дорад, дастгирӣ расонидааст. Дарёфти баландтарин баҳодиҳии «Аъло» сифати баланди Барномаи қолабии таҳияшударо тасдиқ намуда, барои ҷалби маблағгузории дарозмуддат ба лоиҳаҳое, ки ба рушди энергетикаи тоза, инфрасохтори иҷтимоӣ ва баланд бардоштани устуворӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим мусоидат мекунанд, заминаи боэътимод фароҳам меорад».
Гаэл Рабаллан
Намояндаи доимии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи натиҷаҳои арзёбии мустақиле, ки аз ҷониби AIFC Green Finance Centre Ltd. (GFC) тасдиқ шудааст, Барномаи қолабӣ пурра ба принсипҳои байналмилалии маблағгузории устувор мутобиқ дониста шуда, соҳиби рейтинги «Аъло», яъне баландтарин баҳодиҳие, ки тибқи методологияи ташкилоти мазкур пешбинӣ шудааст, қадрдонӣ гардид. Бояд тазаккур дод, ки хулосаи мустақил (Second Party Opinion, SPO) бо дастгирии молиявии Бонки АвруОсиёии Рушд омода шудааст.
«Мо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба нашри Барномаи қолабии барориши воситаҳои устувори давлатӣ ва ба даст овардани хулосаи мустақил (SPO) самимона табрик мегӯем. Ин як қадами муҳим дар роҳи рушди бозори маблағгузории устувори кишвар мебошад. Мо аз он хушҳолем, ки тавонистем ба Вазорати молия дар фароҳам овардани заминаи мустаҳкам барои барориши нахустин вомбаргҳои давлатии «сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоем. Иқдоми мазкур метавонад ба таҳкими эътимоди сармоягузорон, ҷалби маблағгузорӣ барои рушди аз лиҳози экологӣ устувор бо риояи принсипҳои шаффофият ва эътимоднокӣ, инчунин дастгирии гузариши Тоҷикистон ба иқтисодиёти сабз ва ба тағйирёбии иқлим устувортар мусоидат намояд».
Владимир Якунин
Директори минтақавии
Бонки Рушди АвруОсиё
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии бадастомада мутобиқати Барномаи қолабиро ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар самти идоракунии маблағҳои ҷалбшуда, интихоби лоиҳаҳо, идоракунии корпоративӣ, мониторинги истифодаи маблағҳо, инчунин таҳияи ҳисобот ва ифшои иттилоот барои сармоягузорон тасдиқ менамояд. Дар навбати худ, барои ҷалби маблағгузории устувор ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори беруна заминаи шаффоф ва боэътимод фароҳам хоҳад овард.
Барномаи мазкур пурра ба принсипҳои байналмилалии эътирофшудаи маблағгузории устувор аз ҷумла Green Bond Principles (GBP), Social Bond Principles (SBP) ва Sustainability Bond Guidelines (SBG), ки аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии бозорҳои сармоя (International Capital Market Association – ICMA) мутобиқат намуда, инчунин дар заминаи Green Loan Principles (GLP) ва Social Loan Principles (SLP) ва Ассотсиатсияи бозори қарзӣ (Loan Market Association – LMA) таҳия гардидааст.
«Мо ифтихор дорем, ки хулосаи мустақилро (SPO) оид ба Барномаи қолабии барориши воситаҳои устувори давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда, ба он баландтарин баҳогузории худро “Аъло” арзёбӣ намудем. Ин баҳогузорӣ мутобиқати баланди ҳуҷҷати мазкурро ба стандартҳои байналмилалии бозор, низоми устувори идоракунӣ ва назорат, инчунин муносибати боэътимодро нисбат ба тақсим ва идоракунии маблағҳои ҷалбшуда инъикос менамояд. Барномаи қолабии мазкур на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои рушди маблағгузории устувор дар тамоми Осиёи Марказӣ як марҳилаи муҳим ба шумор меравад. Он барои дигар эмитентҳои давлатии минтақа, ки мехоҳанд тавассути воситаҳои молиявии боэътимод ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сармоягузориҳои устуворро ҷалб намоянд, намунаи арзанда мебошад».
Манас Гиждуаниев
Директори иҷроияи
AIFC Green Finance Centre
Дар доираи Барномаи қолабӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад воситаҳои гуногуни маблағгузории устувор, аз ҷумла вомбаргҳои «сабз», иҷтимоӣ ва устуворро ба муомилот бароварда, инчунин маблағгузориро тавассути қарзҳои устувор низ ҷалб намояд. Маблағҳои ҷалбшуда танҳо барои маблағгузорӣ ва бозтамвилии лоиҳаҳое равона карда мешаванд, ки ба меъёрҳои муқарраршудаи интихоб ҷавобгӯ буда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллии рушди устувор мусоидат намояд.
Душанбе, 5 августа 2026 года



