3 сентябри 2026 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Йоҳан Шиттерерро қабул кард.
Ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Фаронса ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ сафири Фаронсаро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардидан табрик гуфта, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатӣ дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.



