2 сентябри соли 2026 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо сафири фавқулода ва мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ мулоқот анҷом дод. Мулоқот дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардида, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвияти робитаҳо миёни низомҳои бонкию молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкориҳои мустақим миёни низомҳои бонкии ду кишвар, рушди муносибатҳои муросилотӣ баён намуда, ба аҳаммияти мубодилаи таҷриба ва дониш дар самтҳои муосири фаъолияти низоми молиявӣ, аз ҷумла рақамикунонӣ, технологияҳои иттилоотӣ, амнияти киберӣ, комплаенс ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар бахши бонкӣ таъкид карданд.
Дар идомаи мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушди минбаъдаи бахши суғурта ва омӯзиши таҷрибаи Давлати Кувайт дар ин самт изҳор намуд. Инчунин, бо назардошти таҷрибаи Давлати Кувайт дар соҳаи молияи исломӣ ба густариши ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар самти бонкдории исломӣ баён карда шуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни низомҳои молиявию бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт таъкид намуданд.
Шуъбаи матбуот



