Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар чорабиниҳои тантанавӣ баргузор намуданд.
10 сентябри соли 2026 дар меҳмонхонаи «Адлон Кемпински»-и Берлин маросими таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии идона намояндагони мақомоти давлатии Олмон, вакилони Бундестаг, аъзои корпуси дипломатии муқими Берлин, доираҳои иқтисодию фарҳангӣ, намояндагони расонаҳо ва ҳамватанони муқими Олмон иштирок намуданд.
11 сентябри соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербург бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург, вазорати корҳои хориҷӣ, Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург, корпуси дипломатӣ, доираҳои сиёсию соҳибкорӣ, фарҳангӣ ва ҳамватанон баргузор гардид.
11 сентябри соли 2026 дар шаҳри Минск ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус зиёфати расмӣ барпо гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони воломақоми вазорату идораҳои Ҷумҳурии Беларус, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои фарҳангӣ, аҳли зиё, расонаҳои хабарӣ, инчунин ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик ширкат варзиданд.



