Дар шумораҳои навбатии маҷаллаҳои бонуфузи Малайзия BERNAMA, Top 10 of Asia, TheVibes ва Business Today мақолаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Ҷумҳурии Индонезия ва Шоҳигарии Таиланд, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) муҳтарам Ардашер С. Қодирӣ, таҳти унвони «Малайзия ва Тоҷикистон: аз дӯстии барқароршуда то шарикии дорои имкониятҳои нав» ба нашр расид.
Мақола ба равобити дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Малайзия бахшида шуда, раванди ташаккул ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду кишварро инъикос менамояд.
Муаллиф, ҳамзамон, ба дурнамои рушди шарикии Тоҷикистон ва Малайзия таваҷҷуҳ намуда, зарурати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва ҷустуҷӯи самтҳои нави ҳамкории мутақобилан судмандро таъкид менамояд.
Дар мақола инчунин нақши мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои имкониятҳои васеи транзитӣ ва пайвандгари муҳими Осиёи Марказӣ бо бозорҳои Осиё, аз ҷумла кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, зикр гардида, имкониятҳои густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётӣ миёни Тоҷикистон ва Малайзия мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Бо муҳтавои пурраи мақола дар торнамои расмии маҷаллаҳо Bernama, Top10Asia, TheVibes, BusinessToday метавон шинос шуд.



