Хуршед Мирзо дар ҷаласаи нахустини вазирони рақамии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби «C5+1» иштирок намуд
Санаи 14 сентябр дар шаҳри Сеул директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо дар ҷаласаи нахустини вазирони рақамии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби «C5+1» таҳти унвони «Ояндаи ҳамкориҳои Корея ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, илм ва технология» иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ иқтидор ва афзалиятҳои Тоҷикистонро дар рушди зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ муаррифӣ намуда, омодагии кишварро барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла бо Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар самтҳои омодасозии кадрҳои баландихтисос, таҳқиқоти муштарак, рушди инфрасохтори рақамӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ таъкид намуд.
Дар ин замина, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ барои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе метавонад ба ҳайси платформаи минтақавии муштарак барои омӯзишу такмили ихтисос, гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ нақши муҳим дошта бошад.
Ҳамзамон, ҷониби Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва технология, омодасозии насли нави мутахассисони касбӣ ва фароҳамсозии имкониятҳои васеъ барои ҳамкории муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ бо ширкатҳои технологӣ ва стартапҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.



